манфур — [منفور] а. мавриди нафрат воқеъшуда, боиси нафрат, мавриди нафрат; нафратовар; лаин: душмани манфур, одами манфур, марги манфур … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
танаффур — [تنفر] а 1. нафрат, доштан, безор будан, нафрат, кароҳат; танаффур кардан нафрат кардан 2. рамидан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дидан — [ديدن] 1. қобилияти биноӣ доштан, нигоҳ кардан, нигаристан 2. дучор омадан бо касе ё чизе, вохӯрдан 3. зиёрат, аёдат, хабаргирӣ аз аҳволи касе; мулоқот, дидорбинӣ: барои дидани касе рафтан 4. дарёфтан, дарк кардан, фаҳмидан, донистан 5. ҳисоб… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дил — [دل] 1. узви марказии низоми гардиши хуни одам ва ҳайвон, ки ҳаракати хунро идора мекунад, қалб; дили бемор дили касал, дили дардманд 2. маҷ. марказ, васат, миён, дарун: дили мамлакат, дили кӯҳ; дили санг мағзи санг, миёни санг; дили шаб ними шаб … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лаънат — [لعنت] а. дуои бад; бадгӯӣ, изҳори нафрат; лаънат ба… таъбири дашном, ки дар мавриди изҳори нафрату мазаммати сахт ба касе ё чизе гуфта мешавад; таънаву лаънат маломату нафрат; лаънат кардан // лаънат фиристодан // лаънат хондан нафрин гуфтан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нуфур — [نفور] кит 1. гурез, рамидан бинобар нафрат аз чизе 2. танаффур, нафрат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
бад — I [بد] 1. нохуб, ношоиста, нописандида, беадаб, бетарбия; муқоб. хуб, нек, нағз: ахлоқи бад, кирдори бад, нияти бад, одами бад, қасди бад, баду нек; колои бад ба риши соҳибаш (мақ.) 2. зишт, ганда, нобоб, номақбул: бо бад нишинӣ, бад шавӣ (мақ.)… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ганда — [گنده] 1. гандида, бӯйгирифта, бадбӯй, вайроншуда 2. бад, зишт; одами ҷаҳлаш ганда одами бадҷаҳл, шахси зудхашм, тез оташиншаванда; ганда дидан касеро бад дидан, нафрат доштан (аз касе, чизе); ганда кардан (касе ё чизеро) бад карда нишон додан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гӯр — I [گور] ҷое, ки мурдаи одамро дафн мекунанд, дахма, сағона, қабр, марқад, мадфан, турбат; гӯру кафан воситаҳои зарурии маросими дафн; гӯру чӯб ниг. гӯру кафан; гӯру чӯб кардан ниг. гӯр кардан; гӯру қиёмат д. тарси азоби гӯр ва ҷазои рӯзи қиёмат;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ғиҷин — [غجين] гуфт. таъсири бади чизе, ғаш; нафрат; ногуворӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ